Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар соҳаи сохтмон тартиби нав ҷорӣ кард


Мақомоти назоратии Қирғизистон дар бахши сохтмон тасмим доранд, иҷозатномаи он ширкатҳои сохтмониеро бекор кунанд, ки молиёт (андоз) намепардозанд.

Дар ин бора сардори ниҳоди мазкур Нурдан Орунтаев рӯзи 18-уми декабр хабар дод.

Орунтаев гуфт, Идораи сохтмони давлатӣ аз соли 2010 то 2023 бештар аз 6 ҳазор иҷозатнома додааст, ки аз онҳо ҳамагӣ 300-400 ширкат фаъолият мекунад.

"Иҷозатномаҳои боқимонда хоб ҳастанд ва ба дигарон фурӯхта мешаванд. Мо маҳдудиятҳои сахте ҷорӣ хоҳем кард, ки такроран фурӯхтани иҷозатномаҳо номумкин ва зараровар бошад. Талаб хоҳем кард, ки агар дар давоми сол аз ҷониби ширкатҳои соҳиби иҷозатнома андоз пардохта нашавад, иҷозатномаи онҳоро бекор кунем", - гуфт Орунтаев.

XS
SM
MD
LG