Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони корҳои хориҷии Туркия ва Амрико чӣ гуфтанд?


Энтони Блинкен ва Ҳоқон Фидан, акс аз моҳи сентябри 2023
Энтони Блинкен ва Ҳоқон Фидан, акс аз моҳи сентябри 2023

Як манбаи дипломатии Туркия гуфтааст, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳоқон Фидан аз ҳамтои амрикоияш Энтони Блинкен хоста, ки Вашингтон барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ бояд аз нуфузи худ бар Телавив истифода кунад.

Гуфтугӯйи телефонии онҳо рӯзи 17-уми декабр баргузор шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс”, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфтааст, баъди расидан ба оташбаси комил Исроил барои музокирот дар бораи “ташкили ду давлат” ҳозир шавад.

Вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Туркия ҳамчунин пешниҳоди Шветсияро барои пайвастан ба НАТО ва дархости Анкараро барои харидани ҳавопаймоҳои F-16 аз Амрико баррасӣ кардаанд.

Порлумони Туркия то ҳол пешниҳоди Шветсияро барои пайвастан ба Паймони Атлантикаи Шимолӣ тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG