Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати нигаҳдории муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои Русия муайян шуд


Думаи Давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки муҳлати ниҳоии нигаҳдории муҳоҷиронро дар боздоштгоҳҳои махсус пеш аз ихроҷ муайян мекунад.

Тибқи қонуни нав, муҳоҷирони дастгиршудае, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, набояд аз 90 рӯз бештар дар боздоштгоҳҳо истанд.

Муҳлати нигаҳдории шаҳрвандони хориҷие, ки ихроҷи онҳо номумкин аст, бо дархости мақомоти додгоҳӣ ё намояндаи Ваколатдори умури дохилии Русия то 90 шабонарӯз дароз карда хоҳад шуд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ё бешаҳрвандӣ низ ҳақ доранд, аз додгоҳ дархост кунанд, ки қонунӣ будани нигаҳдории онҳо дар боздоштгоҳҳо санҷида шавад.

Агар додгоҳ муайян кунад, ки берун кардан аз кишвар ҷазои аз ҳад зиёд аст, гумонбар аз 40 то 50 ҳазор рубл ҷарима ё ба 200 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум хоҳад шуд.

Ин меъёр ба шахсони бешаҳрвандӣ ҳам дахл дорад, ки ягон кишвар барои қабули онҳо омода нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG