Мантуров дар ин бора 15-уми декабр дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Узбекистон ва Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Маскав хабар дод.
Қаблан ширкати "КазТрансОйл"-и Қазоқистон хабар дода буд, ки нақша дорад, транзити нафти Русияро ба Узбекистон дар соли оянда се баробар – то 500 ҳазор тонна афзоиш диҳад.
“Ширкати узбекии “Sanoat Energetika Guruhi” барои транзити 500 ҳазор тонна нафти Русия дар соли 2024 бо имкони афзоиши он то ба 1 миллион тонна дархост фиристодааст”, - изҳор дошта буд сардори департаменти ҳамлу нақли "КазТрансОйл" Абай Бейсембоев.
Интизор меравад, дар соли 2023 ҳаҷми транзити нафти Русия ба Узбекистон тавассути "КазТрансОйл" 154 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.