Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як мансабдори пешини калисои католикӣ


Анҷело Беччиуи 75-соларо ба чанд ҷинояти молӣ гунаҳкор донистаанд
Анҷело Беччиуи 75-соларо ба чанд ҷинояти молӣ гунаҳкор донистаанд

Додгоҳи Ватикан рӯзи 16-уми декабр як кардинали итолиёӣ ё мансабдори баландпояи калисои католикиро ба панҷ солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.

Анҷело Беччиуи 75-соларо ба чанд ҷинояти молӣ гунаҳкор донистаанд.

Ӯ мушовири собиқи Поп Франсис ва замоне яке аз довтлабони курсии раҳбари католикҳои ҷаҳон ба шумор мерафт.

Дар баробари Анҷело Беччиу нуҳ каси дигар, аз ҷумла мудирони собиқи бахши молия, ҳуқуқдонҳо ва кормандони пешини Ватиканро муҳокима карданд.

Ҳамаи онҳо ба ҷинояти молӣ, аз ҷумла муомилаи мубҳам ё ғайришаффофи амвол дар Лондон муттаҳам ҳастанд.

Вакили мудофеи Анҷело Беччиу ба хабарнигорон гуфт, шахси зери ҳимояташ “гуноҳ надорад” ва барои бозбинии ҳукм шикоят хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG