Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози дигари исроилӣ дар Ғазза кушта шудаанд


Навори Ғазза, 16-уми декабри 2023
Навори Ғазза, 16-уми декабри 2023

Дар пайи ҳамлаҳои нав ба Навори Ғазза ду сарбози дигари исроилӣ кушта шудаанд.

Гузориш дар ин бора рӯзи 17-уми декабр расид.

Бо ин, тедоди низомиёни кушташудаи Исроил аз оғози ҳамлаи заминии ин кишвар ба Навори Ғазза дар рӯзи 27-уми октябр ба 121 кас расид.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ин шабу рӯз барои озодии гаравгонҳо дар қаламрави зери назорати гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* зери фишор мондааст.

Хешовандони гаравгонҳо хоҳони созиши оташбаси фаврӣ барои таъмини раҳоии наздикони худ ҳастанд.

Ҷанги байни Исроил ва "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри имсол сар шуд.

Он вақт ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба ҷануби Исроил ҳамла карда, 1200 касро куштанд ва 150 нафарро гаравгон гирифтанд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар ҳамлаҳои Исроил ба ин минтақа дар бештар аз ду моҳи охир зиёда аз 18 ҳазор кас кушта шудаанд. Қисме аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG