Дар вилояти Калугаи Русия гурӯҳи ҳадди аққал даҳ ноболиғеро боздошт карданд, ки ба муҳоҷирон ҳамлаҳои пурхушунат анҷом дода, сабти видеоии саҳнаҳои бераҳмонаи латукӯби шаҳрвандони хориҷиро баъдан дар шабакаи иҷтимоӣ нашр мекард.
Дар ин бора 15 декабр нахуст пойгоҳи интернетии Baza хабар додааст, ки дар сохторҳои қудратии Русия манбаъ дорад. Дар миёни онҳое, ки аз дасти ин гурӯҳ шадидан латукӯб шудаанд, шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Арманистон ёд мешаванд. Тахмини пешакии мақомот ин аст, ки дар давоми ним соли охир ин гурӯҳ камаш ҳашт дафъа даст ба чунин ҷиноят задааст. Ба навиштаи чанд расона, аз ҷумла ntv.ru, ин гурӯҳи ноболиғон 10 ё 11 нафар буда, як узви гурӯҳ - духтари 14-солаи мактабхон мебошад.
Вазифаи духтар ин буд, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ мукотиба барқарор карда, онҳоро ба дом меафтонид. Баъдан боқимондаҳо гурӯҳӣ ба муҳоҷирон ҳамла карда, онҳоро шадидан латукӯб, саҳнаҳои ин бераҳмиро сабт ва дар саҳифаи худ дар Телеграм-канал нашр мекарданд. Зоҳиран, боздошти ин гурӯҳ дар паи нашри ҳамин наворҳои видеоӣ рух додааст.
Дар аксар матолиби нашрияҳои русӣ омадааст, ки ин гурӯҳ аз эҳсосоти “бадбинӣ нисбати ғайриславяниҳо” даст ба чунин кор мезад. Ҷузъиёти дигар феълан маълум нест, аз ҷумла маълум нест, ки оё таҳқиқи ин парвандаро кадом сохтори қудратӣ ва бар асоси кадом моддаи ҷиноӣ ба роҳ мондааст. Мавзӯи ҳамла ба муҳоҷирон бар асоси бадбинии нажодӣ ва миллӣ дар Русия гапи нав нест.
Бахусус дар давраи раёсатҷумҳурии Владимир Путин, ки аз поёни соли 1999 шурӯъ шудааст, ба мушоҳидаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, дар Русия тамоюли миллатчигиву нажодпарастӣ ва афзоиши шумори гурӯҳҳои бегонаситез мушоҳида шуд. Ҳарчанд дар солҳои охир гӯё шумори чунин гурӯҳ ва созмонҳо коҳиш ёфтааст, аммо сиёсати ҳукумати Русия дар заминаи фишороварӣ ба муҳоҷирон кам намешавад.
Соли 2023 ба вижа амалиёти зидди ба истилоҳ муҳоҷирати корӣ моҳҳо идома дошт ва хабарҳо аз боздошту ҳабс, ихроҷу фишор ва тамаъкорӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик зиёд нашр шуд. Дар изҳороти ахираш ҳам Путин гуфт, дар Русия “як ниҳоди вижаи давлатӣ дар бахши муҳоҷират” зарур аст, чун, ба гуфтааш, “муҳоҷирон бояд қонун ва анъанаҳои Русияро эҳтиром кунанд”.