Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Фаронса ихроҷи паноҳҷӯйи узбекро ғайриқонунӣ номид


Ҳукумати Фаронсаро мебояд Муҳсинҷон Аҳмадовро, ки моҳи гузашта ба Узбекистон ихроҷ карда буд, баргардонад.

Додгоҳи конститутсионии Фаронса ҳукми ихроҷи зодаи шаҳри Қӯқанд Муҳсинҷон Аҳмадовро ба Узбекистон ғайриқонунӣ номид.

Ба иттилои Анҷумани “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ”, қароргоҳаш дар Фаронса аст, Аҳмадов, ки 14 ноябри имсол ба Узбекистон ихроҷ шуд, дар боздоштгоҳи шаҳри Фарғона қарор дорад.

Муҳсинҷон Аҳмадов баъди он ки зиддаш бо ангезаҳои динӣ парванда боз шуд, аз Узбекистон фирор карда, соли 2019 аз Фаронса дархости паноҳандагӣ кард. Мақомоти Узбекистон ӯро соли 2016 бо ҷурми терроризм таҳти пайгард қарор доданд. Худи Аҳмадов ин иттиҳомро бепоя номида буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ихроҷи Аҳмадовро, ки баъди мулоқоти раҳбарони Фаронса ва Узбекистон - Эммануэл Макрон ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд сурат гирифт, сахт танқид карданд.

XS
SM
MD
LG