Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинони чандин шаҳри Қазоқистон аз беобӣ


Вазорати энержии Қазоқистон хабар дод, ки шаби 13 декабр ҳамаи чаҳор дегхонаи Маркази барқу гармидиҳии Кентауи вилояти Туркистон аз кор мондааст.

Дар вазорат гуфтанд, ки дегхонаҳои 5, 6, 7 ва 12-и маркази барқу гармидиҳӣ пурра таъмир шуда, корҳои барқарорсозӣ дар дегхонаҳои 8 ва 11 58 дарсад иҷро шудааст. Қарор аст, таъмири дегхонаҳо то 20 декабр ба поён расад.

Қаблан дар 7 вилояти Қазоқистон сокинон дар рӯзҳои сардии ахир бегармӣ монданд. Мақомот гуфтанд, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ садама рух додааст.

Шаҳри Атирауи Қазоқистон як рӯз беоб монда буд. Сокинони шаҳри Павлодари он кишвар низ аз беобӣ шикоят доштанд.

Масъулони Вазорати энержии Қазоқистон мушкил дар низоми гармидиҳии шаҳрҳои Экибастуз, Актау, Кокшетау ва Темиртаурро тасдиқ карда, гуфтанд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

XS
SM
MD
LG