Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” бозиҳояшро дар Ҷоми AFC бе пирӯзӣ анҷом дод


Дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон дар даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ аз тими «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозӣ миёни “Равшан” ва “Алтин Асир” шаби 14-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Голи ягонаро дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 80-ум, Зафар Бобоҷонов, бозигари “Алтин Асир”, ба самар расонд.

Ин бохти сеюми “Равшан” дар Ҷоми AFC-2023/24 дар гурӯҳи «Е” ба шумор меравад

Бозии дигари даври 6-ум дар гурӯҳи «Е» 14-уми декабр миёни дастаҳои «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон ва «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби бузурги 8:3 ба нафъи мизбонон – футболбозони қирғиз - ба поён расид.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин ду бозии даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “Е” барои дастаҳо чандон аҳамият надошт.

Зеро дастаи «Абдиш-Ота», ки дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар меҳмонӣ тими «Алтин Асир»-ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, пешакӣ ғолиби гурӯҳи “Е” шуда, ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфта буд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо касби 16 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.

“Алтин Асир” бо касби 10 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифт. “Равшан” ва “Марв” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум ҷойгир шуданд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” дастаи ғолиб - “Абдиш-Ота” - ба даври баъдии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Вале тимҳои “Алтин” Асир”, “Равшан” ва “Марв” имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст доданд.

Ёдовар мешавем, “Равшан” бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов аввалин бозиашро бо «Марв» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дуюмашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир» бо ҳисоби 1:1 ба поён расонида буд.

Баъдан “Равшан” дар ду бозӣ аз тими «Абдиш-Ота» бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Бозии даври панҷумро “Равшан” дар сафар бо “Марв” бо ҳисоби 1:1 хотима дод.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

21-уми сентябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Раҳмон Муродбердиев, 53 (1:1)

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

Даври 3-юм

«Равшан» (Тоҷикистон) «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 0:1

Гол: Эммануэл Яғр, 51 (0:1)

26-уми октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Голҳо: Камол Аннамуҳаммадов, 60 (1:0). Раҳмон Муродбердиев, 84 (1:1), Салим Нурмуродов, 90+5 (1:2).

26-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

Даври 4-ум

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Айзар Акматов, 49.

9-уми ноябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)- 1:0

Гол: Ораз Оразов, 34 (1:0.

9-уми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Даври 5-ум

«Марв» (Туркманистон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 43 (0:1), Яхшисает Давлатгелдиев, 67 (1:1).

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 2:4

Голҳо: Нурмуродов, 8 (1:0), Муродбердиев, 15 (2:0), Яғр, 46 (2:1), Мусобеков, 51 (2:2), Ботирканов, 58 (2:3), Мусобеков, 65 (2:4),

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

Даври 6-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:1

Гол: Зафар Бобоҷонов, 80 (0:1)

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Раҳматшо Раҳматзода, Холмурод Назаров (сарвони даста), Самуэл Офори, Шаҳриёри Иноятулло (Амирҷони Фаррухзод, 64), Бахтовари Хуршед, Абдуфаттоҳ Худойдодзода (Акобир Тӯраев, 77), Айдан Окран, Эммануэл Маабуах, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Эммануэл Мваненго (Амирҷон Сафаров, 49).

14-уми декабр, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

“Абдиш-Ота)” (Қирғизистон) – “Марв” (Туркманистон) – 8:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

6

5

1

0

18-6

16

2.

«Алтин Асир» (Туркманистон)

6

3

1

2

7-9

10

3.

«Равшан» (Тоҷикистон)

6

0

3

3

2-5

3

4

«Марв» (Туркманистон)

6

0

3

3

6-13

3

XS
SM
MD
LG