Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Зӯровариро нисбат ба занони маъюб нодида мегиранд


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пажӯҳишеро дар бораи хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ва духтарони маъюб дар Қирғизистон нашр кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузориши худ гуфтаанд, ки занону духтарони маъюб дар Қирғизистон мавриди хушунат, таҷовуз ва беэътиноии наздикон қарор мегиранд.

Муаллифони гузориш эътироф кардаанд, ки мақомоти Қирғизистон чанд соли охир барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи маъюбон иқдомоти мусбатеро рӯи даст гирифтаанд ва акнун онҳо бояд, ки барои ҳифзи занони маъюб аз хушунат корҳоеро анҷом диҳанд.

Ба иттилои созмон, ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба занони маъюб аз ҷониби аъзои хонавода ё шарикони онҳо дар бештари маврид ба далели табъизи густарда сабт карда намешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки "мақомоти интизомӣ ва додгоҳии Қирғизистон бештари вақт ҳолатҳои гузоришшударо нодида мегиранд ва набудани паноҳгоҳҳои муваққатӣ ва хидматрасониҳои дигар халосии қурбониёни хушунати хонаводагӣ ва маъюбонро аз зӯроварӣ мушкил мегардонад", - омадааст дар изҳорот.

XS
SM
MD
LG