Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозат ба таҳқиқи имкони "импичмент"-и Байден


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси Амрико, рӯзи 13-уми декабр ба таҳқиқи амалкардҳои президент Ҷо Байден расман иҷозат дод.

Вакилони ҷумҳурихоҳ, ки дар Маҷлиси Намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд, талош доранд, барои “импичмент” ё ба истилоҳ "барканор кардани Байден" замина ёбанд.

Тафтиш хоҳад шуд, ки оё дар ҷараёни ҳамкориҳои хориҷии писари президент Ҳантер Байден падараш Ҷо Байден ҳам ғайриқонунӣ фоида гирифтааст ё не.

Ҳантер Байден рӯзи 13-уми декабр дар ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси Намояндагон бояд ба суолҳои вакилон посух медод, вале ӯ ба ин нишаст нарафт.

Қасри Сафед иброз доштааст, ки тафтиш бе мадрак сурат гирифта, ҷилои сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG