Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон кистанд?


Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор хоҳад шуд, муайян гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Дар қуръакашӣ, ки 14-уми декабр, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - баргузор шуд, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ – "А", "В", "С" ва "D" - тақсим шуд.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегирад.

Натиҷаҳои қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024:

Гурӯҳи "А"

Тайланд

Ветнам

Мянмар

Чин

Гурӯҳи "В"

Узбекистан

Арабистони Саудӣ

Ироқ

Австралия

Гурӯҳи "С"

Ҷопон

Тоҷикистон

Кореяи Ҷанубӣ

Қирғизистон

Гурӯҳи "D"

Эрон

Кувайт

Баҳрайн

Афғонистон

XS
SM
MD
LG