Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, ҷанг идома хоҳад ёфт, "чӣ бо ҳимояти байналмилалӣ, чӣ бе он"


Вазири корҳои хориҷии Исроил гуфтааст, ки ин кишвар ҳатто агар аз ҳимояти байналмилалӣ бархӯрдор набошад, ба ҷанг алайҳи гурӯҳи "Ҳамос" идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Эли Коэн гуфтааст, "Исроил бо ҳимояти байналмилалӣ ё бидуни он ба ҷанг алайҳи "Ҳамос" идома хоҳад дод". Ӯ афзуд, ки "оташбас дар шароити феълӣ ҳадяе ба созмони террористии "Ҳамос" аст ва ба он имкони бозгашт ва таҳдиди сокинони Исроилро медиҳад".

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе бо аксарияти орои кишварҳои узв, қатъномаи пешниҳодии Миср барои оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро қабул кард. 153 кишвар аз ин қатънома пуштибонӣ карданд.

Амрико яке аз 10 кишваре буд, ки ҳамроҳ бо Исроил ба ин қатъномаи ғайриҳатмӣ раъйи мухолиф доданд. Аммо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ва наздиктарин муттаҳиди Телавив ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳушдор дод, ки дар ҳоли аз даст додани ҳимояти байналмилалӣ аст.

Вазири корҳои хориҷии Исроил ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, то барои муҳофизат аз масирҳои киштиронии ҷаҳонӣ даст ба кор шавад. Шӯришиёни Ҳусӣ дар Яман пештар ҳушдор дода буданд, ки киштиҳоеро, ки дар Баҳри Сурх ба тарафи Исроил дар рафтуомад ҳастанд ваё бо ин кишвар пайванде доранд, ҳадаф қарор медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии "Ҳамос" рӯзи 13-уми декабр дар як суханронии телевизионӣ гуфтааст, ки ҳар гуна талоше барои поён додани ҷанг бидуни дар назар гирифтани нақши, "Ҳамос" як "хаёл" аст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз", Ҳания гуфтааст, ки "Ҳамос" омодаи гуфтугӯ аст, аммо "бояд дар музокирот ҳузур дошта бошад ва бахше аз ҳаргуна роҳҳале барои поён додан ба даргириҳо ва идораи Ғазза пас аз он бошад".

Аз Ҳания нақл шудааст, ки дар ин суханронӣ гуфта, гурӯҳи таҳти раҳбариаш омодаи гуфтугӯ дар бораи ҳар тарҳе аст, ки "ба таҷовузи Исроил поён диҳад ва дарро барои назм бахшидан ба Каронаи бохтарӣ ва Ғазза боз кунад".

Исроил ба ин бовар аст, ки ҳаргуна оташбас боиси нерӯманд шудани "Ҳамос" мешавад.

Пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи "Ҳамос" дар рӯзи ҳафтуми октябр ба хоки Исроил, ки боиси кушта шудани 1200 нафар ва ба гараф афтодани ҳудуди 240 нафар шуд, раҳбарони ин кишвар гуфтанд, ки ҳадаф доранд "Ҳамос"-ро решакан кунанд.

Амалиёти низомии Исроил дар ҳоли ҳозир боиси вайронии бахшҳои зиёде зербиноҳо дар шимоли Ғазза шудааст ва ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, беш аз 18 ҳазор дар ин амалиётҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ниҳодҳои зертобеи Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 80 дарсад аз аҳолии 2,3 миллионнафарӣ аз хонаҳояшон ронда шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG