Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нерӯи барқро дар Тоҷикистон боло мебаранд


Рӯзҳои охир баъзе аз сокинон аз набудани гармиву рӯшноӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд
Рӯзҳои охир баъзе аз сокинон аз набудани гармиву рӯшноӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд

Аз 1-уми январи имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 16 дарсад боло бурда хоҳад шуд.

Дар ин бора як масъули “Шабакаҳои тақсими нерӯи барқ” ба “Азия Плюс” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки 29-уми ноябр қабул шуд, аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам пардохт хоҳанд кард. То ин вақт сокинон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам (26,51 дирам) медоданд.

Нархи истифодаи барқ қариб ҳар сол боло бурда мешавад ва ин вазъ сабаби нигаронии сокинон шудааст.

Соли гузашта ҳам нархи барқ ба ҳамин андоза зиёд карда шуд. Мақомот пештар гуфта буданд, нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон хароҷоти истеҳсоли барқро намепӯшонад. Бисёре аз хонаводаҳо баръакс аз гарон будани нархи барқ шикоят мекунанд.

Хабари аз якуми январ боло рафтани нархи барқ дар ҳолест, ки рӯзҳои охир баъзе аз сокинон аз набудани гармиву рӯшноӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG