Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ду пулиси Алмато ба гумони таҷовузи духтари 14-сола


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду корманди пешини пулисро дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба гумони таҷовузи духтари 14-сола ҳабс кардаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Ержан Саденов рӯзи 11-уми декабр хабар дод.

"Мутаассифона, чунин ҳодиса ҷо дошт. Кормандони пулис, ки ҳоло дигар кор намекунанд, ин ҷиноятро содир кардаанд. Кумисюн ташкил ва инҳо аз кор ронда ва ҳабс шудаанд", - гуфт Ержан Саденов.

Вазир тасдиқ кард, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят онҳо дар мақомоти пулис кор мекарданд.

Таҷовузи ноболиғ дар шаҳри Конаев рух додааст. Яке аз кормандони пулис маъмури кор бо ноболиғон ва дувумӣ муҳофизи бино будааст.

Бори аввал нест, ки кормандони пулис дар Қазоқистон ба гумони таҷовуз боздошт мешаванд. Дар моҳи ноябри имсол сардори пулиси шаҳри Толдиқурғони Қазоқистон Марат Куштибоев ба гумони таҷовузи зани 27-сола ҳабс шуда буд.

XS
SM
MD
LG