Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: Беҳсозии вазъи "фоҷеабор"-и беҳдоштӣ дар Ғазза амалан номумкин аст


Маросими ҷаноза дар Ғазза
Маросими ҷаноза дар Ғазза

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 10 декабр гуфт, беҳбуди вазъи "фоҷеавӣ"-и беҳдоштӣ дар навори Ғазза бо вуҷуди қабули пешниҳоди изтирории созмон дар мавриди дастрасии бештар ба хадамоти тиббӣ, амалан ғайриимкон хоҳад буд.

Пешниҳоди изтиросии СҶТ, ки аз сӯи Афғонистон, Қатар, Яман ва Марокаш ҷонибдорӣ мешавад, иҷозати вуруди ҳайати табибон ва интиқоли маводи дорувориро ба Ғазза пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин аз созмон талаб мекунад, ки ҳолатҳои хушунат алайҳи кормандони тиббӣ ва беморонро сабт намуда, сармоя барои барқарорсозии беморхонаҳоро таъмин кунад.

Артиши Исроил эълом кардааст, ки 500 нақби гуруҳи тундрави фаластинии "Ҳамос"-ро дар Ғазза тахриб карда, нуқтаи фармондеҳии он дар шаҳри шимолии навор - Ҷабалияро маҳв сохтааст.

Бино ба омори расмии Исроил, аз оғози ҳамла ба Ғазза то ба ҳол 80 низомии ин кишвар кушта шудааст. Вазорати тандурустии тобеи "Ҳамос" мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба Ғазза 15 ҳазору 900 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG