Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон моҳи марти 2024 ба минтақаи ягонаи замонӣ мегузарад


Қазоқистон барои гузаштан ба минтақаи ягонаи замонӣ дар моҳи марти соли 2024 омода мешавад. Чунин тарҳеро мақомоти он кишвар ба муҳокимаи умум гузоштаанд.

Бино ба тарҳи мазкур, шаби 29-уми феврал ба 1-уми марти соли 2024 Остона, Алмато, Чимкент ва минтақаҳои дигаре, ки бино ба вақти Остона амал мекунанд, як соат ба ақиб гардонда хоҳанд шуд.

"Барои сиҳатӣ, иқтисод ва амнияти инсон бояд минтақаи доимии замоние истифода шавад, ки ба замони офтобӣ (табиӣ) наздиктар аст", - омадааст дар шарҳи тарҳи мазкур.

Дра ҳоли ҳозир дар Қазоқистон чанд минтақаи замонӣ амал мекунад. Коршиносон мегӯянд, Қазоқистон амалан дар минтақаҳои замонии UTC+3, UTC+4, UTC+5, UTC+6 қарор дорад.

Акнун мақомоти он кишвар мехоҳанд, дар ҳамаи вилоятҳову шаҳрҳои Қазоқистон минтақаи замонии UTC+5-ро ҷорӣ кунанд. Дар сурати қабули ин тарҳ, соати Қазоқистон бо соати Тоҷикистону Узбекистон баробар мешавад.

XS
SM
MD
LG