Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон боздошти соҳибнуфузони олами ҷиноӣ идома дорад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кормандони пулиси шаҳри Тошканди Узбекистон дар ҷараёни амалиёти "40 рӯзи зарбдор" соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Бузрук Бузрукови 38-соларо дастгир карданд.

Дар хадамоти матбуотии пулиси Тошканд гуфтанд, ки Бузруков дар "авбошии гуруҳӣ" муттАҳам мешавад. Ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Пеш аз он мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки соҳибкори 73-сола Салим Абдувалиевро боздошт кардаанд. Вай бештар ба номи "Салимбойбача" маъруф аст. Аз моҳи январи соли 2017 муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон буд.

Пулиси Узбекистон Саидазиз Сайдалиевро низ боздошт кардааст, ки ба навиштаи расонаҳо, ба "рӯёндани қарзи одамон" машғул буд.

Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" ҳам боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG