Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 шаҳрванди Непал дар Украина кушта шудаанд


Мақомоти Непал гуфтанд, шаш шаҳрванди ин кишвар, ки бо нерӯҳои Русия ҳамкорӣ доштанд, дар майдонҳои ҷанг дар Украина кушта шудаанд.

Дар эъломияи ҳукумати Непал аз 4-уми декабр аз Русия хоста шудааст, ки аз ҷалби шаҳрвандони ин кишвар ба сафи нерӯҳои мусаллаҳаш ҷилавгирӣ кунад.

Илова бар ин, дархост шудааст, ки шаҳрвандони Непал, ки ҳоло дар сафи артиши Русия ҳастанд, фавран ба кишварашон баргардонда шаванд.

Дар ҳоли ҳозир талошҳои Непал барои раҳоии он шаҳрвандони ин кишвар, ки аз тарафи Украина асир афтодаанд, идома дорад.

XS
SM
MD
LG