Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дар Хадамоти гумрук низоми хешутаборбозӣ шикаста шуд”


Самат Исобеков
Самат Исобеков

Самат Исобеков, раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, гуфт, низоми фасодолуде, ки дар бахши гумруки Қирғизистон амал мекард, комилан маҳв карда шуда, аммо бархе аз элементҳои он ҳамоно вуҷуд доранд.

Вай дар ин бора дар нишасти хабарие рӯзи 6-уми декабр дар шаҳри Бишкек изҳори назар кард.

"Низоми хешутаборбозие, ки пештар ба як хонавода пайвандӣ дошт, дигар вуҷуд надорад. Аммо элементҳо боқӣ мондаанд. Зидди онҳо мубориза идома дорад. Бархе далелҳо дар пайи шикоятҳо ошкор шуданд", - гуфт Исобеков.

Вай илова кард, ки таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар мубориза бо низоми фасодолуд дар сохтори гумрук кумак кардаанд.

Исобеков афзуд, 58 корманди гумрук, ки бо муовини пешини раиси хадамот Райимбек Матраимов рабт доштанд, аз кор ронда шуданд.

Мақомоти Қирғизистон соли 2021 нисбат ба Матраимов парванда боз карда буданд. Он замон гуфта мешуд, ки Матраимов ҳамроҳи кормандони дигари гумрук соли 2016 низоми фасодолуд таъсис додааст. Додгоҳ Матраимовро 260 ҳазор сом ҷарима баста буд.

XS
SM
MD
LG