Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон як гумонбарро аз Сербистон овардаанд


Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки як гумонбарро дар доираи парвандаи ширкати букмекерии OLIMP.KZ аз Сербистон оварданд.

Пештар як гумонбари дигар дар пайванд ба ҳамин парванда аз Олмон истирдод шуда буд.

Расонаҳои Қазоқистон навиштанд, Ирина Давидоваи 61-сола се сол пеш дар доираи парванда таҳқти пайгард қарор гирифт.

Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, гумонбар дар солҳои 2014-2019 дар ҳайати гуруҳи ҷиноӣ қимор ташкил карда, андозу пардохтҳои дигари ҳатмиро намедод ва ба қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ машғул буд.

Дар доираи парвандаи OLIMP KZ дар маҷмуъ 12 касро дар пайгард дода буданд. Бештари онҳо ҳамоно ҷустуҷӯ мешаванд. Соли 2021 бархе аз кормандони ин ширкат боздошту зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG