Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адрасбофии тоҷикӣ ва асппарварии туркманӣ дар ЮНЕСКО


ЮНЕСКО санъати атласу адрасбофии тоҷикӣ ва анъанаи парвариши аспи навъи ахалтекаи туркманиро шомили Рӯйхати мероси фарҳангӣ кард.

Чунин қарор дар 18-умин ҷаласаи Кумитаи байнидавлатӣ оид ба мероси ғайримоддии созмон гирифта шудааст.

Алтас аз абрешим ва адрас аз абрешиму пахта матои табиӣ ба ҳисоб мераванд, ки омода карданашон тӯл мекашад ва қиматаш низ гарон аст. Ҳунари адрасбофиву атласбофӣ тӯли асрҳо аз насл ба насл мегузарад. Дар Тоҷикистон ба таври доимӣ фестивалҳои адрасу атлас баргузор мешавад.

Аспи зоти ахалтека дар ҳудуди Туркманистон парвариш мешавад. Соли 2018 президенти вақти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов як рӯзро дар он кишвар Рӯзи ахалтека эълом кард. Ин рӯз ҳар сол якшанбеи охири моҳи апрел таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG