Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бунёди "Слава Украина"-ро барҳам дод


Додгоҳи вилояти Атирауи Қазоқистон бунёди хайрияи "Слава Україні"-ро, ки мебоист ба қурбониёни амалҳои таҷовузкоронаи Русия кумак кунад, барҳам дод.

Дар ин бора Бюрои байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон иттилоъ додааст.

Ҳукми барҳам додани бунёд дар аввали моҳи ноябри имсол содир шуда, акнун расонаӣ гаштааст.

Бунёди "Слава Україні" 15 рӯз пеш аз эъломи ҳукми додгоҳ дар Раёсати адлияи вилояти Атирау сабтином шуда буд. Барҳам додани бунёдро худи ҳамин раёсат дархост кардааст.

Масъулони раёсат гуфтаанд, ки "ойиномаи бунёд хилофи қонунгузории Қазоқистон аст".

Раҳбари бунёд Турарбек Кусаинов гуфтааст, дар давоми фаъолияти кутоҳи бунёд тавонистанд 5 млн танга ($10 800) ҷамъоварӣ карда, ба шаҳрвандони Украина фиристанд. Ба гуфтаи ӯ, бунёд бо "дархост"-и Русия барҳам дода шудааст.

XS
SM
MD
LG