Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлияи Узбекистон таъйини ҷазоро барои дашном рад кард


Вазорати адлияи Узбекистон хабарҳо дар бораи онро ки гӯё барои дашном додан дар он кишвар ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ мешавад, рад кард.

"Мо аз соҳибони саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш мекунем, ба паҳн шудани маълумоти дурӯғ, ғаразнок ва тасдиқношуда, ки дар байни шаҳрвандон нофаҳмиҳоро ба миён меоранд, роҳ надиҳанд", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии Вазорати адлияи Узбекистон.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯё дар Узбекистон мехоҳанд барои дашном додан ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ кунанд.

Корбарони узбекистонӣ навиштанд, ки ба банди 41 (Таҳқир)-и Кодекси маъмурии ин кишвар тағйирот ворид шуда, барои дашном додан 7 миллион сӯм ҷарима ё ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG