Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Батуренко: Мекӯшем, дар бозӣ бо "Ал-Наср" пирӯз шавем


Бозигарони "Ал-Наср" рӯзи 4-уми декабр ба Душанбе расиданд, аммо бе Роналду
Бозигарони "Ал-Наср" рӯзи 4-уми декабр ба Душанбе расиданд, аммо бе Роналду

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24-ро бо тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мекунад.

Бозии даври охирини гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад. Мизбонон бо пероҳанҳои сурх ва меҳмонон бо пероҳанҳои зард ба майдон меоянд.

Пеш аз ин бозӣ шоми 4-уми декабр дар толори Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Нахуст ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии «Ал-Наср» Луиш Каштру, мутахассиси 62-солаи португолӣ, посух дод. Вай гуфт, “дар бозии қаҳрамонии футболи Арабистони Саудӣ, ки 1-уми декабр баргузор шуд, Криштиану Роналду иштирок дошт. Мо наметавонем ин футболбози 38-соларо зиёд азият бидиҳем, чун ӯ ҳам одам аст. Ман ҳамчун сармураббӣ бояд бозигаронро эҳтиёт кунам. Мо ба даври баъдии Ҷоми қаҳрамонҳоми AFC омодагӣ мегирем ва намехоҳам, ки Роналду дар чаманистони сунъӣ бозӣ кунад.”

Аммо сармураббии «Истиқлол» Игор Черевченко бо сабаби беморӣ дар ин нишаст иштирок накард. Ёвари ӯ Юрий Батуренко ба хабарнигорон гуфт, ки наомадани Роналду ба Душанбе онҳоро хеле нигарон кардааст.

“Мо омадани ӯро ҳам барои бозӣ ва ҳам барои шод кардани мухлисон дер боз интизор будем. Мутаассифона, мухлисони футбол аз тамошои бозии ӯ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе маҳрум гаштанд. Дар бозӣ муқобили рақиби пурзӯрамон, ки ба ҳайаташ ситораҳои ҷаҳонии футбол дохиланд, мекӯшем тамоми қувваю маҳоратамонро ба кор бурда, пирӯз шавем.”

Дастаи “Ал-Наср”, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ҷойгир шуд, шоми 4-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард.

XS
SM
MD
LG