Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду кас дар тирборони шадиди Русия дар Херсон


Херсон, 4-уми декабри 2023
Херсон, 4-уми декабри 2023

Дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди Русия ба вилояти Херсон дар ҷануби Украина рӯзи 3-юми декабр ду кас кушта шудааст.

Александр Прокудин, волии Херсон, рӯзи 4-уми декабр гуфт, ҳашт нфари дигар захмӣ ҳастанд.

“Маҳалҳои аҳолинишин, шифохонаҳо ва зербунёдҳои дигар зарар диданд,” – афзуд ӯ.

Маъмурияти низомии Херсон рӯзи 3-юми декабр гуфт, шаҳр зери “оташборони шадиди Русия” қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои Русия аз як минтақаи ишғолӣ дар соҳили чапи дарёи Днепр ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG