Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина куштори ду сарбозашро “ҷинояти ҷангӣ” номид


Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард
Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард

Артиши Украина куштори рӯйирости ду сарбози таслимшудаашро аз тарафи нерӯҳои Русия маҳкум кард ва онро “ҷинояти ҷангӣ” номид.

Бино ба наворе, ки 2-юми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нерӯҳои Русия сарбозони украинии бесилоҳро тирборон кардаанд. Онҳо аз паноҳгоҳи худ берун шуда, дар рӯи замин хобида буданд.

Гуфта мешавад, ҳодиса дар наздикии деҳаи Степовйе сурат гирифтааст, дар чандкилометрии шаҳри Авдиевка дар шарқи Украина. Дар онҷо ҷанги сахт миёни нерӯҳои Русия ва Украина ҷараён дорад.

Радиои Озодӣ дурустии навор, рӯз ва ҷойи кушторро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.

Дмитрий Любинетс, масъули Кумисюни ҳуқуқи башари Украина, рӯзи 2-юми декабр дар Телеграм навишт, “қатли онҳое, ки таслим шудаанд, ҷинояти ҷангӣ аст.”

Любинетс гуфт, дар ин бора ба Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Созмони Милал гузориш хоҳад дод.

Русияро ба содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ва поймоли ҳуқуқи башар дар Украина, аз ҷумла ҳадаф қарор додани мардуми осоишта, зербиноҳои ғайринизомӣ, истифодаи бомбаҳои кассетӣ ва шиканҷаи асирони ҷангии украинӣ, муттаҳам мекунанд. Русия содир кардани ҷиноятҳои ҷангиро намепазирад.

XS
SM
MD
LG