Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 506 варзишгар (298 мард ва 208 зан) аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.
Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат мегирад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ нафар шомиланд: Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомали Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг).
Рақибони паҳлавонони тоҷик тибқи қуръакашӣ, ки субҳи имрӯз, 1-уми декабр, дар Токио баргузор шуд, муайян гардиданд.
Рақибони гуштигирони тоҷик дар Tokyo Grand Slam-2023 :
Вазни -60 кг:
Даври 1-ум: Меҳрзод Суфиев – Накамура Таики (Ҷопон)
Даври 1-ум: Муҳаммадсолеҳ Қувватов - Симоне Аверса (Италия)
Вазни -66 кг:
Даври 1-ум : Эмомалӣ Нуралӣ – Комрон Сулаймонов (Озарбойҷон)
Даври 1-ум: Обид Ҷебов – Фабио Базил (Италия)
Вазни -73 кг:
Даври 1-ум: Абубакр Шеров – Терада Масаюки (Тайланд)
Даври 1-ум: Беҳрӯзи Хоҷазода - Квантидзе Отари (Португалия)
Вазни -81 кг:
Даври 2-юм: Сомон Маҳмадбеков – Кайто Амано (Ҷопон) / Суенгчан Ли (Кореяи Ҷанубӣ)
Даври 1-ум: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода - Гербеков Аскербии (Баҳрайн)
Вазни – 90 кг:
Даври 2-юм: Комроноҳ Устопириён - Тселидис Теодорос (Юнон)
Вазни -100 кг:
Даври 1-ум: Эмомризо Анварзода - Бузакарини Рафаэл (Бразилия)
Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 2-юми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор мешавад, варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон (-57, -63, -70 кг) ва дар се вазн байни мардон (-73, -81, -90 кг) мубориза мебаранд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 3-юми декабр – занон дар чаҳор вазн (-48, -52, -78,+78 кг) ва мардон низ дар чаҳор вазн (-60, -66, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:
барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)
барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)
барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).
Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.
Гуштигироне, ки медали тило ба даст меоранд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз мегиранд.
Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз мешаванд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се варзишгар дохил буд: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг). Ҳарсе бе медал монданд.