Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни оташбас дар Ғазза ва оғози дигарбораи ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос"


Пас аз ҳафт рӯзи оташбаси муваққатӣ, ҷанг миёни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" дигарбора оғоз шудааст. Радиои артиши Исроил гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар субҳи ҷумъа минтақаҳои гуногуни Ғаззаро бомбаборон кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ин ҳамлаҳо қурбониҳое дар пай доштааст.

Сухангӯи артиши Исроил гурӯҳи "Ҳамос"-ро муттаҳам кардааст, ки бо партоби мушак ба тарафи Исроил, оташбасро вайрон кард. Субҳи ҷумъа артиши Исроил эълон кард, ки системаи дифоии ин кишвар як мушаки партобударо аз Ғазза пешгирӣ ва аз байн бурдааст.

Партоби ин мушак боиси ба садо даромадани занги хатар дар минтақаҳои наздики марзи Ғазза шудааст. Партоби ин мушак ҳудуди як соат пеш аз поён ёфтани муҳлат барои тамдиди оташбаси муваққат сурат гирифтааст.

Гуруҳи "Ҳамос" то кунун дар робита ба ин гуфтаҳои артиши Исроил вокуниш нишон надодааст.

Оташбаси муваққат байни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" соати 7-и субҳи рӯзи ҷумъаи 1-уми декабр бе онки дубора тамдид шавад, ба поён расид.

Ду тараф рузи 24-уми ноябр ба сари оташбаси чаҳоррӯза ба созиш расида буданд. Дар ин муддат даҳҳо нафар гаравгон ва асир аз ду ҷониб озод шуданд.

Бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико ин оташбас як дафъа барои ду рӯз ва бори дигар барои як рӯз тамдид шуд. Телавив ба ин шарт, ки ҳар рӯз 10 гаравони исроилӣ озод карда шаванд, ба ин оташбас розӣ шуда буд.

Бо вуҷуди гузоришҳои ибтидоӣ ба нақл аз мақомоти мисрӣ дар бораи эҳтимоли тамдиди оташбас то субҳи рӯзи шанбе, аммо ҳеҷ яке аз ду тараф тамдиди онро эълон накарданд.

Аз рӯзи сешанбе ба ин тараф "Ҳамос" ҳар рӯз байни ҳашт то 13 тан аз исроилиҳои рабудашударо ба Исроил баргардонд. "Ҳамос" рӯзи панҷшанбе ҳашт гаравгони исроилии дигарро озод кард.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд.

"Ҳамос" ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ин ҳамла 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 каси дигарро ба гарав гирифт ва ба Ғазза бурд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 14 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG