Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии FIFA се зина боло шуд


Тимии миллии Тоҷикистон
Тимии миллии Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 30-юми ноябр дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, се зина боло рафт ва дар байни 210 кишвар бо 1195 имтиёз дар ҷойи 106-ум қарор дорад.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1855 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1845 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Англия бо 1800 имтиёз дар зинаи сеюм мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (22-юм, 1553 имтиёз), Русия (38-ум, 1498 имтиёз) ва Узбекистон (68-ум, 1345 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ аз Озарбойҷон (114-ум), Эстония (122), Латвия (137-ум), Литва (138-ум), Туркманистон (141-ум), ва Молдова (155-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (68-ум), Қирғизистон (98-ум) ва Қазоқистон (100-ум), ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 18-умро азони худ кардааст.

Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва 2023, натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ахиран дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ тими миллии Покистонро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG