Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар Ғазза дубора тамдид мешавад


Дафтари сарвазири Исроил хабар додааст, ки оташбас дар навори Ғазза тамдид хоҳад шуд.

Ба иттилои СNN, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки гуруҳи тундрави фаластинии "Ҳамос" рӯзи панҷшанбе рӯйхати нави асирони озодшавандаро пешниҳод кард.

Рӯйхат номи даҳ асири зиндаро, ки мақомоти Исроил ба он пойфишорӣ мекарданд, дар бар мегирад.

Гуруҳи "Ҳамос" субҳи 30-юми ноябр пешниҳод кард, ки 7 зану кӯдакро озод карда, ҷасади се исроилии кушташударо таслим мекунад. Зеро дар миёни онҳое, ки дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 7-уми октябр ба Исроил гаравгон гирифта шудаанд, занону кӯдакони бештар намондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қатар низ тасдиқ кард, ки оташбас дар Ғазза як рӯзи дигар тамдид мешавад. Ин хабар чанд дақиқа пеш аз анҷоми муҳлати оташбаси дурӯзаи қаблӣ эълом карда шуд.

Гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр бо ҳамла ба шаҳрҳо ва шаҳракҳои исроилӣ дастикам 1200 исроилиро кушт ва 240 нафарро рабуд ва ба Ғазза бурд.

Ҷанг миёни ҷонибҳо аз он замон то рӯзи 24-уми ноябр идома дошт. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 14 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуданд, ки қисме онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.

XS
SM
MD
LG