Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як хонанда бар асари шиддати барқ дар Тошканд


Ташхиси тиббиву додгоҳӣ муайян карда, ки як хонандаи синфи 8-ум дар шаҳри Тошканди Узбекистон бар асари шиддати барқ ​​ҷон бохтааст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 28-уми ноябр бо такя ба Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Хабари марги хонандаи мактаб аз шиддати барқ нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Корбарон гуфтанд, ки ҳодиса дар ҳудуди мактаб рух додааст.

Намояндагони Раёсати маорифи Тошканд гуфтанд, хонанда бегоҳи 27-уми ноябр ҳангоми берун шудан аз толори варзишӣ дар саҳни мактаб беҳуш шуд. Ба гуфтаи онҳо, муҳофизони мактаб "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карда, хонандаро зуд ба бемористон бурданд, вале ӯ дертар ҷон дод.

Дар ҳоли ҳозир Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG