Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании муҳоҷирон барои "кран" дар Краснодар  


Оҷонси муҳоҷирати кории Узбекистон хабари задухӯрди гуруҳӣ бо иштироки шаҳрвандони ин кишварро дар шаҳри Краснодари Русия тасдиқ кард.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25-уми ноябри имсол дар сохтмони ширкати "Точно" ва ба далели ихтилофи назар дар робита ба истифодаи кран сар задааст.

“Дар ҳоли ҳозир намояндагони Оҷонс дар Русия дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти корхона ва сохторҳои қудратӣ барои ҳалли мушкил чора меандешанд”, - гуфта шудааст дар иттилоия.

Бори аввал нест, ки бо иштироки муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия задухӯрди гуруҳӣ сурат мегирад.

Шаҳрвандони Узбекистон 16-уми ноябри имсол ҳам дар ошхонае дар ноҳияи Свибловои шаҳри Маскави Русия занозанӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG