Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима ва пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон нишондиҳандаро барои ҳисобҳо зиёд кардааст.

Ин нукта дар қонуни буҷети соли 2024 зикр шудааст. Имсол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 68 сомонӣ баробар аст. Соли 2024 ин меъёр то 72 сомонӣ боло хоҳад рафт.

Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, андоз, боҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ёрӣ ба камбизоатҳо зиёд мешавад.

Мақомот мегӯянд, нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти беқурбшавии пул боло бурда мешавад.

Мавзӯи гарон будани ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG