Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонги хатар дар тамоми Украина рӯшан шуд


Ситоди наҷоти Украина дар берун кашидани мошине кӯмак мекунад
Ситоди наҷоти Украина дар берун кашидани мошине кӯмак мекунад

Рӯзи 27-уми ноябр дар паи ҳамлаҳои идомаёбандаи Русия дар тамоми қаламрави Украина бонги хатар садо медиҳад, дар ҳоле, ки як бахши ин кишвар дар паи бориши зиёди барф ва мавҷи сардиҳо аз Баҳри Сиёҳ давоми чандин рӯзи охир дар фазои сарде ба сар мебарад. Баъди аз замини фурудгоҳи шаҳри Моздок дар 55-километрии сарҳади Украина ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймои ҷангии навъи Миг-31-и Русия, мақомоти украинӣ нисфирӯзӣ бонги хатарро рӯшан карданд.

Аз сокинони мулкӣ дархост шуд, ки паноҳгоҳҳои худро тарк накунанд. Бисёри ин мардум ҳанӯз аз шаб дар ин пинҳонгоҳҳо ҳастанд, чун Русия ҳадафҳои мулкиву маконҳои зисти мардум дар минтақаҳои Ҳерсон ва Днепропетровскро ҳадаф қарор додааст. Дар давоми 24 соати гузашта Русия танҳо шаҳри Ҳерсонро 56 бор ҳадаф қарор дод. Як мулкӣ маҷрӯҳ шудааст.

Дар Днепропетровск волӣ Серҳий Лисяк гуфт, Русия ба шаҳри Никопол ва атрофи он ҳуҷумҳо анҷом дод. Ӯ гуфт, феълан иттилое дар бораи талафоти ҷонӣ дар даст нест.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар тамоми Украина барфи зиёд боиси қатъ шудани нирӯи барқ ва баста шудани роҳҳои аксар самтҳои кишвар гардид.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, бо вуҷуди таҳдиди ҳамлаҳо имсол дар майдони марказии София арчаи солинавӣ гузошта хоҳад шуд. Ӯ гуфт, маросимҳои ҷашнӣ ё ташкили бозорчаи идона бо далелҳои амниятӣ дар назар нест.

Ба иттилои ситоди кулли нирӯҳои украинӣ, дар як шабонарӯзи гузашта дар тамоми хати ҷанг нирӯҳои украинӣ 63 дафъа вориди задухӯрд шуданд. Низоъҳои сахттарин дар Харкив ва Донетск мушоҳида шуд.

XS
SM
MD
LG