Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи зиёд сокинони Молдоваю Руминияро бебарқ гузошт. НИГОРИСТОН


Шоҳроҳе дар Молдова
Шоҳроҳе дар Молдова

Дар паи бориши зиёди барф дар Руминияву Молдова садҳо шаҳру деҳот аз дастрасӣ ба барқ маҳрум шудаанд. Дар ин бора рӯзи 27-уми ноябр мақомоти ин ду кишвари воқеъ дар Аврупои ҷанубушарқӣ хабар доданд. Роҳҳои зиёде баставу масдуд шуда, дар чандин шаҳр таҳсили мактабҳо боздошта шудааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, бесабаб аз хона берун нараванд.

Дар Руминия аз 41 шаҳру 170 деҳот - дар 22 макон, аз ҷумла дар пойтахт, Бухарест аз барфбории зиёд осеб дидаанд. Дар Молдова 123 ҳазор сокини 200 минтақаи зист бебарқ мондаанд. Дар як шоҳроҳе ба самти Руминия дар паи лағжида афтодани автобусе 16 мусофири молдовании он маҷрӯҳ шуданд.

Нигористоне аз Полшаи барфпӯш

Рӯзҳои гузашта дар қисматҳои дигари Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар кӯҳистони Чехия ва Полша ҳам барфи зиёде боридааст.

Дар сарҳади Полшаву Чехия, ки бо осоишгоҳҳояшон маъруф ҳастанд, барфи фаровон мавсими истироҳату лижарониро боз мекунад. Рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳраки Шкларска Поремба, воқеъ дар ҷанубуғарби Полша баландии барф дар баъзе ҷойҳо то 50 см мерасид.

XS
SM
MD
LG