Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши филм дар бораи ҷанги Украина пушти дарҳои баста дар Бишкек


Филми ҳуҷҷатии "Ёддоштҳои вазъи ҷангӣ"-и коргардони итолиёӣ Барбара Купистиро дар бораи оқибатҳои ҷанги Русия зидди Украина дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пушти дарҳои баста нишон медиҳанд.

Дар ин бора Толекан Исмоилов, роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Бир Дуйно - Қирғизистон" хабар дод.

Ибтидои ин филм мебоист, дар доираи ҳаштумин Ҷашнвораи байналхалқии филмҳои мустанад дар бораи ҳуқуқи инсон рӯзҳои 27 ноябр - 1 декабр нишон дода мешуд. Аммо рӯзи 23 ноябр кинотеатри давлатии "Қирғизтасмасӣ" ба созмони "Бир Дуйно - Қирғизистон" хабар дод, ки иҷозатномаи филми "Ёддоштҳои вазъи ҷангӣ" бозхонд шудааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, "дар филм саҳнаҳои тундгароёна дорад".

""Қирғизтасмасӣ" наметавонад филмеро нишон диҳад, ки метавонад ташдиди байналхалқиро барангезад", - омадааст дар изҳороти мақомоти Қирғизистон.

Толекан Исмоилов мегӯяд, "чунин монеагузориҳо хилофи Конститутсия ва меъёрҳои байналхалқӣ ҳастанд".

XS
SM
MD
LG