Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам." Пирӯзии Фаррух Ҳасанов дар Русия. ВИДЕО


Фаррух Ҳасанов
Фаррух Ҳасанов

Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия пирӯз шуд. Вай гуфт, дунболи орзуҳояш ба саҳнаи бузург дар Русия рафт ва нишон дод, ки тоҷикон фақат бинокор нестанд, балки ҳунарманд низ ҳастанд.

Даври ниҳоии озмун 24-уми ноябр гузашт. Ба Фаррух Ҳасанов санади пирӯзӣ ва панҷ миллион рубл, муодили бештар аз панҷоҳ ҳазор доллар, супурданд.

"Ман ба инҷо дунболи орзуҳоям омадам. Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам. Ман тавонистам нишон диҳам, ки мо танҳо бинокор нестем, ҳунарманд низ ҳастем. Пирӯзиямро ба кишварам мебахшам," -- гуфт ӯ баъд аз эълони пирӯзӣ.

Аксар доварони бозӣ аз оғоз ба тарзи овозхонӣ, либоспӯшӣ ва эҳсосу ишораҳои Фаррух Ҳасанов дар рӯйи саҳна баҳои баланд доданд. Баъзе норозӣ буданд, вале дар даври ниҳоии озмун ӯ ба фарқ аз рақибонаш баҳои боло гирифт ва баранда эълон шуд.

Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пирӯзии Фаррух Ҳасановро ба хушӣ пазируфта, барои истиқболи сазовори вай дар фурудгоҳи Душанбе даъват кардаанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, асосан дар сохтмону бозорҳо, кор мекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, пирӯзии Фаррух Ҳасанов баёнгари он аст, ки тоҷикон дар Русия фақат "кори сиёҳ" намекунанд.

Фаррух Ҳасанов чанд сол пеш овозхониро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ кард. Бештар дар "Чатрулетка" маъруф буд ва бо хости корбарон бо забонҳои гуногун тарона иҷро мекард.

Тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар телевизиони Русия дафъаи панҷум баргузор шуд. Ғалабаи ширкатдорон ба он бастагӣ дорад, ки чанд нафар аз 100 сароянда ва оҳангсози машҳури Русия писандидани овозхонро бо бархостан аз ҷой нишон медиҳанд. Суруди Фаррух 97 нафари онҳоро водор кард, ки аз ҷой бархезанд ва бархе ҳам ба рақс дароянд.

XS
SM
MD
LG