Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ, Ироқ ва Тайланд – рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё


Футболбозони тоҷик
Футболбозони тоҷик

Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 миёни футболбозони то 23-сола тибқи қуръкашӣ, ки имрӯз, 23-юми ноябр, дар шаҳри Доҳаи Қатар доир гардид, муайян шуданд.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд рақобат мекунад.

Шашумин давраи Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2024 миёни мунтахабҳои то 23-сола:

Гурӯҳи А: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия

Гурӯҳи В: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин

Гурӯҳи С: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон

Гурӯҳи D: Узбекистон, Ветнам, Кувайт , Малайзия

4 бозии дӯстонаи мунтахаби олимпӣ

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 чаҳор бозии дӯстона анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик нахуст дар шаҳри Дубай аз тими мизбон - Имороти Муттаҳидаи Араб - бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд. Голи дастаи Тоҷикистонро Азизбек Ҳаитов ба самар расонд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар Дубай ҳамсолони худ аз Кувайтро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Муҳаммадиқбол Давлатов зад.

Баъдан мунтахаби олимпии Тоҷикистон 19-уми ноябр дар бозии дӯстона дар шаҳри Синтсян бар тими мизбон - Чин - бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Тоҳирҷони Тағойзод ва Муҳаммадиқбол Давлатов заданд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии чаҳоруми санҷиширо рӯзи чоршанбеи 22-юми ноябр бо тими олимпии Чин бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

XS
SM
MD
LG