Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар 9 муштзани навраси 15-16-сола (8 писар да як духтар) дохиланд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон:
Ҷахонгир Камолов (46 кг),
Мансурхуҷа Муъминов (48 кг),
Билолҷон Иқсанов (50 кг),
Абубакр Қобилов (52 кг),
Шодмеҳр Давлатов (54 кг),
Абдулло Каримзода (57 кг),
Муҳаммадсултон Султонов (60 кг).
Абубакр Ғафуров (66 кг).
Фариноз Абдуллоева (52 кг).
Сармураббӣ - Эмомалӣ Маллаев
Мураббиён:
Файзулло Алиев
Рустам Музаффаров
Қуръакашӣ ва маросими ифтитоҳи мусобиқот имрӯз, 23-юми ноябр, дар маҷмаии варзишии МИКА-и Ереван доир мегардад
Рақобатҳо дар 13 вазн байни писарон ва дар 13 вазн миёни духтарон сурат мегирад.
Мусобиқот то даври чорякниҳоӣ аз 24-ум то 30-юми ноябр, даври ниманиҳоӣ 2-юми декабр ва қувваозмоиҳои ниҳоӣ рӯзҳои 3-4-уми декабр баргузор мешаванд.
Ба иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), дар мусобиқот иштироки беш аз 470 варзишгари навраси солҳои таваллудашон 2007-2008 аз 57 кишвар дар назар аст.
Аммо Озарбойҷон ва Туркия аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашиданд.
Дарвоқеъ, варзишгарони ин ду кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон низ дар Ереван иштирок накарданд.
Бояд гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо як қатор кишварҳои дигар Федератсияи байналмилалии бокси худро («World Boxing») таъсис додаанд ва бинобар ин дар мусобиқаҳои IBA иштирок намекунанд.