Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мақомдорони тоҷик таҷрибаи Гурҷистонро омӯзиш доданд


Ҳайати Тоҷикистон дар Гурҷистон
Ҳайати Тоҷикистон дар Гурҷистон

Гурӯҳе аз мақомдорони тоҷик як ҳафта дар Гурҷистон таҷрибаи ин кишвар дар роҳи таъмини доимии мардум ба нерӯи барқро омӯхтаанд.

16 мақомдори тоҷик ва гурӯҳе аз коршиносон аз Осиёи Марказӣ бо даъвати Иттиҳоди Аврупо аз 13 то 21-уми ноябр дар Гурҷистон буданд.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар хабарномае рӯзи 21-уми ноябр гуфтааст, ки ҳадаф омӯзиши таҷрибаи Гурҷистон аст, ки 70 дар сади нерӯи барқашро аз роҳҳое ба даст меорад, ки ба табиат ва муҳити зист зарар намерасонад.

Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтааст, ки Гурҷистону Тоҷикистон кишварҳои кӯҳистонӣ буда, табиати монанд доранд ва омӯхтани таҷрибаи ин кишвар ба манфиати кор аст.

Гурҷистон барои дарёфти ҳаққи узвият дар Иттиҳоди Аврупо чанд сол ислоҳот ҷорӣ кардааст. Ислоҳоти бахши эенергетикӣ яке аз онҳост.

Дар Гурҷистон сохтани нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ рушд кардааст. Дар Тоҷикистон бештар аз нерӯгоҳҳои обӣ истифода мекунанд ва ин кишвар гирифтори бӯҳрони норасоии барқ аст. Ҳамасола аз тирамоҳ то баҳор сокинон аксар деҳоти кишвар бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.

XS
SM
MD
LG