Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Ҳамос": Ба оташбаси муваққат бо Исроил наздикем


Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бо нашри баёнияе аз наздик будани як оташбаси муваққат бо Исроил хабар додааст. Ҷониби Исроил то кунун дар ин бора чизе нагуфтааст.

Хабаргузории "Франс-пресс" бо нашри ҷузъиёт аз созиши эҳтимолӣ навиштааст, ки ин тавофуқ шомили қатъи панҷрӯзаи амалиёти заминӣ ва маҳдуд шудани ҳамлаҳои ҳавоии Исроил хоҳад буд.

Аз сӯи дигар, ҷониби фаластинӣ байни 50 то 100 гаравгони ғайринизомиро озод хоҳад кард ва Исроил ҳам дар муқобил 300 зан ва кӯдаки фаластинии зиндониро озод мекунад.

Хабаргузории "Франс-пресс" ин ҷузъиётро ба нақл аз манбаъҳои "Ҳамос" ва Ҷиҳоди исломӣ" нашр кардааст.

Яке аз мақомоти "Ҳамос" дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" бо таъйиди ин ҷузъиёт гуфтааст, ки баҳси феълӣ бар сари муҳлати оташбас аст.

Иззат Муҳаммад бо такрори суҳбатҳои Исмоил Ҳания гуфтааст, ҷузъиёти тавофуқ ба огоҳии мақомҳои қатарӣ расида ва аз сӯи онҳо эълон хоҳад шуд.

Исроил ҳанӯз дар ин маврид изҳори назар накардааст. Аммо чанд соат пеш Ҷо Байден, президенти Амрико ва мақомҳои қатарӣ ба наздик будани тавофуқ ишора карда буданд.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр оғоз ёфт. Дар ҳамлаи "Ҳамос" 1200 исроилӣ кушта шуда, ҳудуди 220 ба гарав афтоданд ва ба Ғазза бурда шуданд. Дар 46 рӯзи ҷанг беш аз 13300 фаластинӣ ҷон бохтанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG