Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар Кувайт ва Чин


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 се бозии дӯстона анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик нахуст дар шаҳри Дубай аз тими мизбон - Имороти Муттаҳидаи Араб - бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд. Голи дастаи Тоҷикистонро Азизбек Ҳаитов ба самар расонд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувумаш ҳамсолони худ аз Кувайтро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Муҳаммадиқбол Давлатов зад.

Баъдан мунтахаби олимпии Тоҷикистон 19-уми ноябр дар бозии дӯстона дар шаҳри Синтсян бар тими Чин бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Тоҳирҷони Тағойзод ва Муҳаммадиқбол Давлатов заданд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии чаҳоруми санҷишиашро рӯзи чоршанбеи 22-юми ноябр бо тими олимпии Чин баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 бар асоси қуръакашӣ рӯзи 23-юми ноябр маълум хоҳанд шуд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли 2024 дар Қатар доир мегардад.

XS
SM
MD
LG