Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии Тоҷикистон: Мо ба Покистон барои пирӯзӣ омадаем


Бозии даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 миёни тимҳои миллии Покистон ва Тоҷикистон имрӯз, 21-уми ноябр, баргузор мешавад.

Ин бозии гурӯҳи G дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ» (Jinnah Stadium)-и шаҳри Исломобод соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Футболбозони тоҷик бо пероҳанҳои сафед ва мизбонон бо пероҳанҳои сабз ба майдон меоянд.

Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ, ки 20-уми ноябр доир гардид, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, ба хабарнигорон гуфт, "умедворем, ки фардо варзишгоҳ пур аз тамошогарон мешавад, зеро футбол одамонро муттаҳид месозад. Мо дар бозии аввал дар майдони худ бо тими Урдун аз ду имтиёз маҳрум шудем, мунтахаби Покистон бошад, дар сафар аз се имтиёз бенасиб монд. Бинобар ин, барои ҳарду даста холҳо ниҳоят заруранд. Аз ин рӯ бозӣ пуршиддат хоҳад гузашт. Дастаи Покистон бо раҳбарии сармураббӣ, мутахассиси пуртаҷриба хеле пешрафт кардааст. Дастаи мо низ дар ду соли ахир натиҷаҳои хуб нишон додааст. Аммо натиҷаи бозии гузаштаро бо тими Урдун фаромӯш мекунем ва таваҷҷуҳамон ба бозӣ муқобили Покистон равона шудааст. Мо ба Покистон барои пирӯзӣ омадаем.”

Дар ин нишаст ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров ба Федератсияи футболи Покистон барои истиқболи гарму ҷӯшони меҳмонон миннатдорӣ карда, афзуд, "мо, ки дар бозии пешин бо мунтахаби Урдун ду имтиёзро аз даст додем, кӯшиш менамоем дар бозӣ муқобили тими Покистон ғалаба кунем. Мо ба ин бозӣ тайёрии хуб дидаем".

Мунтахаби Тоҷикистон ба Исломобод бо 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар омадааст, ки нӯҳ нафарашон легионеранд, даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи дигари лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамрини охиринашро пеш аз бозӣ муқобили тими миллии Покистон 20-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ»-и Исломобод баргузор намуд, ки як соат давом кард. Дар тамрин ҳамаи 24 бозигаре, ки ба Покистон омадаанд, ширкат доштанд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистонро ҳакамон аз Ҷопон доварӣ мекунанд. Юсуке Араки сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ҷун Михара ва Кота Ватанабе ба ҳайси кӯмакдовар фаъолият менамоянд.

Довари эҳтиётӣ Дуй Лан Нго аз Ветнам мебошад. Кадҳум Ауда Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозианд.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд ва дар ҳарду бозӣ дар доираи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:0 ва 1:0 ғолиб омадаанд.

Ҷоми даъвати AFC-2006. Марҳилаи ниҳоӣ

Тоҷикистон – Покистон – 2:0

Голҳо: Нуъмонҷон Ҳакимов, 14 (1:0). Одилҷон Эргашев, 19 – аз пеналти (2:0).

4-уми апрели соли 2006. Дакка, Бангладеш

Ҷоми даъвати AFC-2014. Мусобиқоти интихобӣ

Тоҷикистон – Покистон – 1:0

Гол: Хуршед Маҳмудов, 90.

17-уми марти соли 2013. Бишкек, Қирғизистон

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 109-ум ва Покистон дар зинаи 193-юм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G бозиро 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Мунтахаби Покистон бошад, бо раҳбарии сармараббӣ Стивен Константайн, мутахассиси 61-солаи инглис, дар нахустин бозиаш дар сафар аз тими миллии Арабистон Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо се имтиёз пешсаф аст.

Дастаҳои Урдуну Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин мебошад.

Бозии дигари лаври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Урдун ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 21-уми ноябр соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Марҳилаи дувуми итихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-0

3

2.

Урдун

1

0

1

0

1-1

1

3.

Тоҷикистон

1

0

1

0

1-1

1

4

Покистон

1

0

0

1

0-4

0

Даври 2-юм

21-уми ноябр (сешанбе)

14:00 (Бо вақти Душанбе) Покистон - Тоҷикистон

21:00 (Бо вақти Душанбе) Урдун – Арабистони Саудӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG