Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо 24 бозигар ба Исломобод рафт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Покистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Покистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои анҷом додани бозӣ бо тими миллии Покистон имрӯз, 20-уми ноябр, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри чартерӣ ба Исломобод рафт.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар овардааст, ки нӯҳ нафарашон легионеранд, даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи дигари лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд.

Бозии даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Покистону Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и шаҳри Исломобод соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Футболбозони тоҷик бо пероҳанҳои сафед ва мизбонон бо пероҳанҳои сабз ба майдон меоянд.

Мунтахаби Тоҷикистон 20-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и шаҳри Исломобод тамрин кард.

Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббиёни даста ва якнафарӣ бозигарон аз ҳарду тим ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G бозиро 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Мунтахаби Покистон бошад, бо раҳбарии сармараббӣ Стивен Константайн, мутахассиси 61-солаи инглис, дар нахустин бозиаш дар сафар аз тими миллии Арабистон Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо се имтиёз пешсаф аст.

Дастаҳои Урдуну Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Марҳилаи дувуми итихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-0

3

2.

Урдун

1

0

1

0

1-1

1

3.

Тоҷикистон

1

0

1

0

1-1

1

4

Покистон

1

0

0

1

0-4

0

Даври 2-юм

21-уми ноябр (сешанбе)

14:00 (Бо вақти Душанбе) Покистон - Тоҷикистон

21:00 (Бо вақти Душанбе) Урдун – Арабистони Саудӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG