Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 17-уми ноябр дар қароргоҳи худ дар Маскав мулоқотеро бо панҷ сафири кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор кард. Дар ин бора вебсайтҳои ВКХ Русия ва ҳам сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст. Тоҷикистонро дар ин мулоқот сафир дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода намояндагӣ кардааст.
Дар хабари сафорат омадааст, ки “дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия” ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавии мисли Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд, Авруосиё, СПАД ва СҲШ баррасӣ шудааст.
ВКХ Русия мегӯяд, ба таври ҷудогона ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби маҳфили “Осиёи Марказӣ ва Русия” ва мувофиқаҳои дар ҷаласаи октябри соли 2022 ҳосилшуда баррасӣ гардид.
Дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи Русия дар хоки Украина, ба қавли мунаққидон, мавқеъ ва нуфузи Маскав дар чашми кишварҳои ОМ, ки бо ин ҷанг зоҳиран норозӣ ҳастанд, заъифтар мешавад. Дар муқобил гуфтугӯҳои сиёсиву муколамаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ва Олмон густариш меёбад ва ин чиз метавонад мояи нигаронии Русия бошад.