Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Ереван духтари фирории ингушро озод кард


Фотима Зурабоваро дар ҷои амне нигоҳ медоранд
Фотима Зурабоваро дар ҷои амне нигоҳ медоранд

Як созмони ҳомии ҳуқуқи занон дар Арманистон гуфт, зане, ки аз хушунати хонаводагӣ дар Ингушистон фирор карда буд, аз ҷониби полиси Ереван озод гардид.

Созмони “Марем”, ки аз ҳуқуқи занони хушунатдида дифоъ мекунад, рӯзи 16 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зани 21-солаи ингуш, ки аз Қафқози Шимолӣ фирор карда буд, озод шуд.

Ин созмон гуфт, Фотима Зурабова ҳамроҳ бо кормандони “Марем” аз идораи полис озод шуда, ҳоло дар ҷои амн таҳти ҳимоят қарор дорад. Фотимаро як рӯз пеш гӯё бо гумони содир кардани ҷиноят дар Русия боздошт карданд, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кард.

Баъди боздошташ, хешовандони Фотима ҳамон рӯз ба Ереван рафтанд ва талош карданд ӯро барои бозгашт ба Ингушистон водор кунанд. Вале ӯ инро қотеона рад кард.

XS
SM
MD
LG