Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қирғизистонро ба истифодаи мошинҳои мошинҳои "дуздӣ" муттаҳам карданд


Мошини пулис дар Қирғизистон
Мошини пулис дар Қирғизистон

Як иқдоми Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҷанҷолеро дар миёни сокинони он кишвар ба бор овардааст.

Сокинон мегӯянд, мошинҳоеро, ки онҳо аз Аврупо фармоиш дода буданд, маъмурони пулис мусодира карда, худ истифода мебаранд.

Мақомоти пулиси Қирғизистон мегӯянд, ин мошинҳо дар ҷустуҷӯ қарор доштанд ва ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид карда шудаанд.

"Мошинро ба монанди мошинҳои пулис ранг карда, рақами "518" насб кардаанд. Он мошини ман аст. Ман аз куҷо фаҳмидам, ки он аз ман аст? Пулти он ҳоло ҳам дар дастам ҳаст. Тугмачаро пахш кардам, дарҳояш боз шуданд. Фаҳмида мешавад, маро ғорат кардаанд", - изҳор дошт соҳиби яке аз мошинҳои мусодирашуда.

Талошҳо барои дарёфти назари Вазорати умури дохилии Қирғизистон то замони нашри матлаб бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG