Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 7 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии кураши ҷаҳон


Хайрандеш Муродзода, паҳлавони тоҷик.
Хайрандеш Муродзода, паҳлавони тоҷик.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон, ки аз 23-юм то 28-уми ноябр дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод – баргузор мешавад, ҳафт варзишгар аз Тоҷикистон ширкат меварзад.

Дар чордаҳумин давраи ин мусобиқоти ҷаҳонӣ иштироки 400 варзишгар аз 57 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи кураши Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: Муслимбек Каримов (-60 кг), Хайрандеш Муродзода (-66 кг), Наврӯзи Каримзод (-73 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг).

Зимнан, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров - дар риштаи кураш бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба Муродзода ва Назаров барои ин дастовардашон бо қарори раиси шаҳри Душанбе хонаи якҳуҷрадор тақдим гардид.

Кураш дар Тоҷикистон маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

XS
SM
MD
LG